Нигористон

Семинари дастурдиҳӣ

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Сешанбе, 01-уми Марти соли 2022

Тимбилдингро чӣ тавр гузаронидан мумкин аст? Ин мавзўъро иштирокчиёни семинаре, ки дирўз дар маҷлисгоҳи хурди Маркази таълими Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон барои кормандони Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Хелветас» баргузор карда шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ислоҳоти об

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Панҷшанбе, 24-уми Феврали соли 2022

Дар ҷаласаи 3-юм чӣ гуфтанд?
Ҷаласаи сеюми Шўрои ҳавзавии Сирдарё оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об санаи 24 феврал дар маҷлисгоҳи Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати захираҳои оби минтқаи ҳавзавии Сирдарё Абдунабӣ Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Тибқи рўзнома Далер Абдуразоқзода-роҳбари Раёсати сиёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни ислоҳоти об дар кишвар маърўза кард.

Лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Душанбе, 11-уми Октябри соли 2021
Лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об

Дар самти  идоракунии захираҳои оби Ҷуммҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо дар бахши сиёсати об, таъминоти оби нушокӣ, обёрӣ, мукаммалсозии сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, қонунгузорӣ дар соҳаи об ва дигар самтҳои ин бахш аз ҳисоби қарзҳои мухталиф, грантҳо ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ гардида истодаанд.

То 1 декабри соли 2018 дар бахши об 25 лоиҳа бо маблағи умумии 352,28 млн.долл.ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарз 94,51млн. долл ИМА (26,83%), грантҳо-248,7млн.долл.ИМА (70,6%) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,07млн.долл.ИМА (2,57%) амалӣ гардидааст.

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Якшанбе, 10-уми Октябри соли 2021 • Санаи навкунии охирин Ҷумъа, 17-уми Июни соли 2022

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Обуна ба Нигористон