Лоиҳаҳо дар соҳаи нафту газ
Хати лулаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ -Хитой» хати гузариши Д 966 км дарозӣ дошта, аз ҳудуди панҷ давлат – Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, (205 км), Ҷумҳурии Тоҷикистон (391км), Ҷумҳурии Қирғизистон (215 км) ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мегузарад. Ин қисмат – қисмати асосии Хати лулаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ-Хитой» ба шумор меравад, ки аз моҳи июли соли 2008 оғоз гардида, иқтидори умумии он 85 млрд. м3 –ро ташкил менамояд.
Сохтмони навбати аввали хати гази мазкур моҳи декабри соли 2009 ба истифода дода шуда буд.
Айни замон, дарозии умумии он тақрибан 7 000 км-ро ташкил дода, ба се қисмати алоҳида тақсим мешавад, ки иқтидори газгузаронии умумии онҳо ба 55 млрд. м3 баробар мебошад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой лулаи гази мазкур то шаҳри Гуанҷо идома ёфта, дар он ҷо газ ба шохаҳои газгузари мавҷуда тақсим мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони Хати лулаи гази мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида аст. Дар асоси он моҳи марти соли 2014 байни ширкати CNPC ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» имзо гардид, ки дар асоси он корхонаи муштарак вобаста ба сохтмон ва баистифодадиҳии лулаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd бо саҳми тарафҳо ба маблағи 300 млн.долл.ИМА ( аз ҳар тараф алоҳида ) таъсис дода шуд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 42 нақбҳои куҳӣ бо дарозии умумии 63,3 км ва дигар намуди инфрасохтор дар назар мебошад.
Дар ҳудуди кишвар хати лулаи гази мазкур тавассути шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рудакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то ба сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон идома меёбад. Дарозии умумии хати мазкур дар ҳудуди кишвар 391км-ро ташкил менамояд.
Интизор меравад, ки тавассути Хати лулаи гази мазкур ҳамасола аз Туркманистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой 25-30 млрд. м3 газ интиқол меёбад.
Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки зиёда аз 3 млрд. долл.ИМА сармояи бевоситаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ба иқтисодиёти кишвар ворид ва зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.