Лоиҳаи минтақавии CASA-1000

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Чоршанбе, 15-уми Июни соли 2022

Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд.  Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд.  Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.

Амалӣ гардидани лоиҳа барои табодули минтақа кумак намуда, ҳамзамон ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат менамояд.

Ташаббуси CASAREM натанҳо барои чор давлат муфид буда, балки барои такмил додани низоми интиқоли барқ  ва ҳавасмандгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд.

Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи CASA-1000 Шӯрои байниҳукуматӣ ташкил карда шуда буд, ки дар зинаҳои аввал он ҳамкориҳои самараноки минтақавиро таъмин менамуд. Дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ давлатҳо оид ба амалисозии лоиҳа қарор қабул менамоянд, равиш ва қоидаҳои умумӣ таҳия менамоянд ва ҳамчунин стандартҳои техникиву экологии умумӣ барои таъмини бехатарии умумӣ истифода менамоянд.

Барои татбиқ намудани лоиҳаи CASA-1000 номгуи зеринро сохтан лозим мебошад:

  • Хати интиқоли барқи тағйирёбандаи 500 кВ аз зеристгоҳи “Датка” то зеристгоҳи “Суғд-500” бо дарозии 477 км;
  • Зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Сангтуда (Тоҷикистон);
  • Хати интиқоли барқи баландшиддати барқи доимӣ аз Сангтуда (Тоҷикистон ) то Норшева (Покистон) бо дарозии 750 км;
  • Зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Норшева (Покистон)

Лоиҳаи CASA-1000 марҳилаи нав ва муҳими сохтмонӣ дар низоми амалкунандаи интиқоли неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ башумор меравад. Ба туфайли даромадҳо аз содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозза барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва паст намудани сатҳи норасоии неруи барқ дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, лоиҳаи мазкур дурнамои рушди ҳар ду минтақаро хуб менамояд.

Барои амалисозии CASA-1000 амалиёти стратегӣ ва банақшагирии дарозмуддат, иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва давлат, ҳамчунин дастгирии шарикони рушд лозим меояд. Лоиҳа ҳамкориҳои байниминтақавӣ, сармоягузориҳо ба хизматрасониҳои ҷамъиятиро тавон бахшида, ҳамчунин барои ҳама зинаҳои аҳолӣ ҷиҳати дастрасии ба манфиатҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари давлатҳои болозикр барои амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Департаменти давлатии ИМА, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) ва дигар шарикони рушд дастгирӣ менамоянд.

Оғози расмии корҳои сохтмони дар доираи лоиҳаи CASA-1000 12 майи соли 2016  дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, сарвазирони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид.

Моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Казоқистон баъди ба имзо расонидани як қатор созишномаҳо байни ширкатҳои энергетикӣ ва пудратчиён мутобиқи талаботи пурраи қонун лоиҳа пурра ба марҳилаи сохтмонӣ гузашт.

Маълумоти муфассал оид ба лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин дар нашриёти зерин дастрас мебошад:

— Брошюраи CASA-1000 бо забони англисӣ (pdf).

— Буклети CASA-1000 бо забони англисӣ (pdf).

Тоҷикӣ
Манбаъ: 
https://www.mewr.tj/?p=199&lang=tj