Ҳафтаи нави кории ҷомеаи меҳнатии Раёсати мо бо се хушхабар оғоз шуд. Зодрӯзи роҳбари муассиса Абдунабӣ Қайюмович Бобоевро ба муносибати 53-юмин баҳори умрашон аз номи ҳамагон собиқадори соњаи обрасонӣ, муовини сардори Раёсат Ҳалимҷон Ҳоҷиев муборакбод гуфта барои эшон барору муваффақият ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно карданд.
Сардори Раёсат А.Қ.Бобоев дар навбати худ ду хушхабари дигар расонд. Ба муносибати 30-солагии ба фаъолият оғоз кардани ташкилоти байналмилалии Комиссияи байнидавлатии мутобиқгардонии масъалаҳои хоҷагиҳои об (МКВК) собиқадори соҳаи обрасонӣ Ҳалимҷон Ҳоҷиев ва сардори Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби оби канали «Дӯстлик»-и даштҳои ташналаб Юсуфҷон Устоев бо Ифтихорномаи ин ташкилоти байналхалқӣ сарфароз гардонида шуданд. Тибқи супориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар А.Қ.Бобоев ба қадршиносӣ шудагон Ифтхорномаро супорида дар бораи ин ташкилоти бонуфус ва саҳми он дар масъалаи ба танзимдарории тақисомти об дар Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал дод.
Соҳибҷашн ва бо ифтихорнома сарфароз гардидагонро дигар иштирокчиёни ҷаласаи корӣ низ таҳният гуфта ба онҳо барору муваффаҷиятҳо таманно намуданд.
Се хушхабар
Тоҷикӣ