Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор...
Ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов
Санаи 17 июли соли 2020 бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорат ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин муайян ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳти таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов” бар меоянд, ба ҳисоб мерафт.