Семинар-тренинг

Администратор's picture
Submitted by Администратор on Tuesday, January 18, 2022 - 12:10pm

Чӣ тавр бояд лоиҳа навишт?!
Бобати ин масъала дар Маркази таълими Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят семинар-тренинг дар мавзўъи «Навиштаи пешниҳоди лоиҳавӣ» барои кормандони Раёсати захтираҳои оби ҳавзаи Сирдарёи вилояти Суғд баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсат Абдунабӣ Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшид. Тренер, доктори илмҳои иқтисод, проффессори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аюбҷон Юсуфов  дар бораи худи грант чист ва пешниҳоди лоиҳавӣ чиро мефаҳмонад, сохтори лоиҳа: муаррифии он, тасвири мушкилот баромади пурмўҳтаво кард.
Баъди зўҳд бошад, иштирокчиёни семинар тибҷи дастури тренер  ба гурўҳҳо тақсим шуда навиштани лоиҳаро мустақилона омўхтанд.
Коршиноси семинар-тренинг, собиқадори соҳаи обрасонӣ Аҳрулло Қориҷумъаев зимни сўҳбат ба мо оид ба аҳамияти семинари онрўза чунин иброз дошт:
-Тавре мушоҳида кардед, аксари иштирокчиёни семинари имрўза мутахассисони ҷавони соҳаи обрасонӣ буданд. Ҳадафи асосии семинар низ омўхтани нозукӣ ва хусусиятҳои таҳияи лоиҳаҳои грантӣ буда, ҷавонон аз он бардошти хуб гирифтанд. Чун мо дар замони иқтисоди бозорӣ кору зиндагӣ дорем, бояд мутахассисони ҷавон ба талаботи имрўз мутобиқ шаванд…
Мо аз як зумра иштирокчиёни ҷавони семинар фикру мулоҳизаашонро роҷеъ ба ҷараёни семинар пурсон шудем. Фирўза Мирзобобоева, ки мутахассиси Раёсати захтираҳои оби ҳавзаи Сирдарёи вилояти Суғд аст, гуфт, ки «аз семинари имрўза бисёр чизҳоро омўхтам. Хусусан тарзу услуби омода кардани лоиҳаҳои грантиро, ки кори осон набудааст. Бо гурўҳи духтарон ба чунин хулоса омадем, ки аз ин пас роҷеъ ба мушкилоту проблемаҳои соҳаи обрасонӣ лоиҳаҳои худро албатта бо кумаки устодон омода ва барои маблағгузорӣ пешниҳод мекунем. Маслиҳатҳои судманди собиқадори соҳаи обрасонӣ Ҳалимҷон Ҳоҷиев бобати омода кардани лоиҳа моро басо шоду мамнун кард».
Воқеан ҳам дар семинар лоиҳаи омода намудаи Фирўза Мирзобоева ва дугонаҳояш оид ба беҳтар кардани вазъи обрасонӣ дар деҳаи дурдасти «Пунук»-и ноҳияи Ашт баҳои баланд гирифт. Онҳо тавонистанд, исбот кунанд, ки дар сурати дастгирии молияӣ ёфтани лоиҳаашон ҳамон як қитъаи замини деҳаи Пунук, ки аз гардиши кишоварзӣ бинобар камобӣ берун мондаст, обёрӣ шуданаш ба мафиати кор мебуд.

Tajik