Ташрифи меҳмонон аз Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Сешанбе, 15-уми Феврали соли 2022

Субҳи имрўз дар Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё вохӯрии кормандон бо гурўҳи намояндагони Агентии Швейтсария оид ба рущд ва ҳамкорӣ –Флориан Клынгел ва Элоди Пейҷу баргузор гардид. Сардори Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё Абдунабӣ Бобоев ба меҳмонон ва ҳмроҳонашон оид ба фаъолияти Шўрои ҳавза маълумоти муфассал дод. Ў гуфт, ки Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё тибқи қарори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020-ум таъсис ёфта то ин дам бо дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти доманадори худро ба роҳ мондааст. Дар ин муддат Шўрои ҳавза як зумра корҳоро ба иҷро расонидааст. Аз ҷумла мониторинги сифати обро гузаронида соле ду маротиба дар назди Шўро Анҷумани занон баргузор мегардад, ки дар он саҳми занон дар беҳдошти таъмини оби полезӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Оид ба паҳлўҳои гуногуни фаъолияти Раёсат аз ҷумла статуси давлатии муассиса ва муносибату ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ки дар дар минтақаҳои дарёи сарҳадӣ ҷойгиранд Флориан Клынгел ва Элоди Пейҷу саволҳо доданд, ки ба он сардори Раёсат Абдунабӣ Бобоев ҷавобҳои мушаххас дод.
-Ҳадафи ташрифи меҳмонон ба Шўрои ҳавза ин омодагӣ ба давраи сеюми татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст,-гуфт зимни сўҳбат сардори Раёсат Абдунабӣ Бобоев,- то ин дам намояндагони Агентӣ якчанд маротиба омада аз вазъи корбарии Раёсат шинос шуданд. Боиси хурсандист, ки ҳар ташрифашон ба ҷараёни корбарии Раёсат баҳои баланд медиҳанд. Ин навбат низ табъи меҳмонон болида буд.

Тоҷикӣ

Барчаспҳо: