Бонувонро табрик карданд
Маъмурияти Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё кормандзанони идораро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфтанд. Сардори Раёсат Абдунабӣ Бобоев дар баромадаш оид ба мақому манзалати зан дар зиндагии инсон ва минҷумла пешрафти ҷомеа сухан карда, изҳор дошт, ки «дар идораи мо низ 5 нафар бонувон баробари мардон софдилона меҳнат мекунанд ва дар пешрафту муваффақияти корамон саҳми арзанда доранд».