Семинари дастурдиҳӣ

Аватар пользователя Администратор
Автор: Администратор Дата публикации: вторник, 1 Март, 2022 - 11:30

Тимбилдингро чӣ тавр гузаронидан мумкин аст? Ин мавзўъро иштирокчиёни семинаре, ки дирўз дар маҷлисгоҳи хурди Маркази таълими Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон барои кормандони Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Хелветас» баргузор карда шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Омўзгори семинар Елена Сатторова дар рўз аввал оид ба баргузор намудани тембилдинг –хоса таъсис додани дастаи корӣ (команда), дастаи корӣ кай мукаммал ва омодаи фаъолият мешавад, намудҳои даста, зинаҳои асосии сикли ҳаётии даста, сарвари (лидери) муосири даста, вазифаҳои дар наздаш истода, нақши ў нисбати ба даст овардани муваффақият ва ғайра тавассути гузаронидани тест, бозиҳои кории «Вазифаҳои Эйзенштейн», «Сохтани манора», «Вақте даста аз мўлҷар қафо мемонад» маълумоти муфассал дод. Дарсҳояш басо шавқовар ва муҳим дилгиркунанда набуданд.
Рўзи дуюми чорабинӣ бошад, омўзгор Наврўз Юсуфов бобати дигар хусусиятҳои даста, аз ҷумла «Баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи аъзои даста», «Ду муносибат ба ҳавасмандсозии даста», «Садди роҳи пешрафти даста ва роҳҳои бартараф кардани он», «Маҳорати бодиққат гўш карда тавонистан», «Намудҳои хилофат дар даста», «Меъёрҳои ҳамкорӣ дар даста» ва ғайра дарс гузашт, ки иштирокчиёни чорабинӣ аз ин семинар бардошти хуб гирифтанд.
Далели гуфтаҳои мо андешаҳои чанде аз иштирокчиён аст, ки онҳо гуногунанд:
Фирўза Мирзобоева:- ба ман пеш аз ҳама усули гузаронидани дарс аз ҷониби Елена Сатторова маъқул шуд. Маълум, ки дар ин самт таҷрибаи бой дорад. Тавассути гузаронидани бозиҳои гуногун мо шунавандагонро нагузошт,ки зиқ шавем.
Ҷоҷӣ Абдурасул Очилов:- Наврўз Юсуфов ҳам аз Елена Сатторова монданӣ надошт. Хусусан, бозии гузаронидааш «Зиддият дар корхонаи саноатӣ» ва роҳҳои бартараф кардани он ба ман маъқул шуд. Коргоҳи мо низ истеҳсолӣ маҳсуб мешавад. Камина беш аз 40 сол аст, ки дар соҳаи обрасонӣ фаъолият дорам. Табиист, ки муаммову мушкилот пайдо мешавад. Мекўшем роҳи ҳалли онро ёбем. Аз дарси Наврўз Очилов ба ман роҳҳои нави ҳалли мушкилот маълум шуд.

Таджикский