Мусохибаи тахассусӣ

Администратор's picture
Submitted by Администратор on Friday, January 14, 2022 - 11:17am

Абдунабӣ Бобоев: фаъолиятамон дар соли 2021 ҷоннок шуд.
Инак, соли 2021, ки барои мардуми кишвар соли басо хотирмон-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба ҳукми таърих рафт. Имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба қавле «ғалберро аз об бардошта»  ба фаъолияти солона баҳогузорӣ мекунанд, бурду бохтро мавриди баррасиву таҳлил қарор медиҳанд.
Дар ин радиф  Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, ки муассисаи навтаъсис аст, (он соли 2020-ум ташкил ёфтааст) соли ҷашни бузурги миллатро бо чӣ гуна нишондиҳандаҳо ҷамъбаст кард? Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ чӣ корҳоеро ба анҷом расониданд, то ки фаъолияти он боз ҳам густурдатар гардад? Бо ин ва дигар саволҳои марбут ба фаъолияти ин муассиса мо  ба сардори Раёсат, собиқадори соҳаи обрасонӣ Абдунабӣ Бобоев муроҷиат кардем, ки мухтасари онро ба самъи хонандагон манзур медорем.
-Абдунабӣ Бобоев! Пеш аз ҳама мехостам, зарурти таъсиси ин Раёсат ва аҳамияти онро ба хонандагони гиромиқадр шарҳу тавзеҳ медодед, дар ҳоле, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд,  амал мекунад?!
-Медонед, ин гуна саволро аксар масъулону мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҷумла ҳамкасбони шумо ба ман додаанд. Пеш аз ҳама бояд гўям, ки мо дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҷаҳонишавии ҷомеа кору зиндагӣ дорем. Имрўз тақозои замон аст, ки сохторҳо тағйир ва такмил ёбанд.  Аз инрў, воридшавии кишвари мо ба ҷаҳони мутамаддин, афзудани муносибатҳои сатҳи байналмилалӣ ва дар ин радиф болоравии обрўву нуфузи мамлакатамон дар сатҳи байналмилалӣ, ки ба шарофати заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада истодааст, тақозо дорад, ки ба раванди зиндагиамон аз ҷумла соҳаҳо таҷдиди назар кунем. Ҳукумати мамлакат ин гуна заруратро дарк кард ва бо қарори худ аз 30 марти соли 2020 таҳти №197 Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарёро дар радифи дигар ҳавзаҳо таъсис дод, ки он дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои  оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Муассисаи мо ҳудуди ҳавзаи Сирдарёро дар вилояти Суғд ва 16 шаҳру ноҳияҳоро дар бар мегирад. Махсус таъкид карданӣ ҳастам, ки Раёсати мо сиёсати обро дар ҷумҳурӣ татбиқ мекунад. Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ бошад, истеҳсол ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзиро бо об ба ўҳда дорад.
-Бигўед, ки вазифаи муассиса аз чӣ иборат аст?
 -Вазифаи муассисаи мо аз ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, мониторинги  истифодабарии иншоотҳои обрасон, банақшагирии истифодабарии иншоотҳои обӣ ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи Сирдарё иборат аст.
-Хўш, дар давраи ҳисоботӣ чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?
-Аввалин коре, ки ба анҷом расонидем ин ташкил ва назорати  идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об аст. Оиди ин масъала аз тарафи Раёсат бисёр корҳо ба сомон расонида шуд. Пеш аз ҳама бо ҳамаи ташкилотҳое,  ки  марбути соҳаи об  мебошанд, вохӯриҳо гузаронида бо онҳо ба мувофиқа омадем, ки маълумотҳо ба Раёсат пешнҳод карда шавад. Боиси хурсандӣ аст, ки коргоҳҳо моҳият ва зарурати пешниҳод кардани маълумотҳоро хуб фаҳмиданд ва айни ҳол  аз тарафи ҳамаи ин Раёсату корхонаҳо ба Раёсати мо маълумотҳоро пешниҳод карда истодаанд.
Дигар коре, ки ба анҷом расонидем, мониторинги истифодабарӣ ва захиракунии об дар обанборҳои ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳои «Баҳри тоҷик», «Зарринруд» дар шаҳри Истаравшан, «Даҳанасой»-и ноҳияи Деваштич буд.
-Тибқи Оинномаи корӣ бояд меъёри истифодабарии оби ҳавзаро низ назорат баред. Ҳамту не?
-Албатта, ин яке аз вазифаҳои асосии мост, ки ҳамарӯза бо супориши Вазорат маълумотҳои дақиқи саҳарӣ ва миёнаро аз Шўъбаи тоҷикистонии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали “Дӯстлик” ва дигар корхонаҳои марбути соҳаи об гирифта баррасӣ ва ба Вазорат пешниҳод мекунем. Ҳамзамон нақша (лимит)-и истифодаи обро дар мавсими обёрӣ дар ҳавза  бо мутахасисони  Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят тартиб дода ба Вазорат пешниҳод менамоем. Баъд аз он,ки нақша дар Комиссияи байни давлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об тасдиқ мешавад, назорати қатъии иҷроиши ин нақшаро дар ҳавзаи Сирдарё Раёсат мебарад.
Дар ин радиф Раёсат ҳамарӯза дар мавсими обёрӣ бо ташкилоти минтақавии Иттиҳодияи ҳавзавии хоҷагии оби Сирдарё, ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ҳамсояи ба мо дўсту бародари Ўзбекистон аст,  бо супориши Вазорат дар робита шуда  меъёри обе,ки дар сураҷаласаи (протоколи) сеҷониба қайд шудааст талаб мекунад. Дар сурати пайдо шудни баҳс ё нофаҳмӣ дар каналҳои байнидавлатӣ Канали Калони Фарғона (ККФ) ва Канали Шимоли Фарғона (КШФ) дар нуқтаҳои обченкунии «Патар» (Конибодом) ва «Сарвак» (Ашт) бо намояндагони Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии ҳамсоя вохӯрда масъаларо баррасӣ ва ҳаллу фасл менамоем.
 -Бо корхонаи «Обу ҳавосанҷӣ»-и вилоят чӣ гуна робитаи корӣ доред?
 -Бо ин корхона ҳамкориамон зич аст. Аниқтараш, ин муассиса  ҳамарўза ба Раёсати мо соати 6:30-и субҳ маьлумотҳоро оид ва оби обанбори «Баҳри тоҷик» ва дарёҳои фаромарзиро пешниҳод менамоянд. Ногуфта намонад,ки ҳангоми зарурат  ва пайдо шудани  баҳс, норозигии давлатҳои ҳамсоя аз миқдор ва ҳаҷми об якҷо бо комиссия дар нуқтаҳои обченкунии «Оқҷар» ва «Қизил-қишлоқ» тариқи ғайринавбат сатҳи обро чен мекунем.
-Ин гуна ҳолатҳо зуд-зуд ба миён меоянд?
-Ҳа. Бинобар гарм омадани ҳаво ва камобӣ соли рафта  ду маротиба роҳбарияти баландпояи соҳаи оби давлатҳои ҳамсояро қабул намуда оиди вазьи обнокии ҳавза ва мушкилоту камбудиҳо, реҷаи кори обанбор гуфтушунид кардем. Хулоса, тамоми мушкилоту баҳсҳои сиёсати об, ки дар ҳавзаи дарёи Сир ба вуҷуд меояд, Раёсати мо ҳаллу фасл менамояд. Чанде пеш ба зиммаи мо боз як вазифаи дигар назорати сифати обро ҳам дар ҳамаи дарёҳои фаромарзӣ ва аз он ҷумла дар дарёи Сир вогузор карданд.  
-Фаҳмидем, ки ҳамкории муассисаи Шумо бо Раёсати рушди иқтисод ва Раёсати сармоягузории МИҲД-и вилоят низ ба роҳ монда шудааст…
-Дуруст. Дар давоми фаъолияти худ Раёсат якчанд маротиба бо ин Раёсатҳо ҷаласаҳо гузаронида оиди интегратсияи нақшаи ҳавза бо барномаи рушди иқтисодии вилоят корбарӣ намудем ва наздик 48 чорабиниҳоеро,ки дар нақшаи ҳавза мавҷуд аст, ба Барномаи рушди иқтисодии вилоят дар солҳои 2021-2026 ворид намудем.
-Соли сипаришуда чӣ иқдому ташаббусҳои нав рўи кор омаданд?
-Соли ҷорӣ бори нахуст санаи 19 март дар қаламрави вилоят бо иштироки кормандони МИҲД вилоят, ташкилотҳои марбути соҳаи об Рўзи байналмилалии об,ки дар тамоми дунё ҷашн мегиранд, таҷлил карда шуд. Ҳамзамон дар соли ҳисоботӣ «Рўзи дарёи Хоҷабоқирғон»-ро гузаронидем. Дар ин рўз бо сокинони  ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ду соҳили дарёи Хоҷабоқирғон  аз ифлосиҳо тоза карда шуд. Ин чорабиниҳо тавассути телевизионҳои маҳалливу вилоятӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуданд.  
-Оё Шумо ҳам «рўзи қабул» доред?
-Албатта. Ҳар ҳафта рўзи шанбе.
-Бештар бо кадом масъалаҳо ба шумо муроҷиат мекунанд?
-Асосиаш албатта, тақсимоти об. Бо дигар масъалаҳои ҷорӣ ҳам муроҷиат мекунанд, ки ҳамаи онҳо саривақт аз тарафи масъулон баррасӣ ва нисбати иҷрои дархосту хоҳишашон чораҷўӣ карда мешавад. Дар соли рафтаи 2021-ум беш аз 50 нафар ба мо муроҷиат карданд.
-Кадом аз чорабиниҳо соли рафта бештар хотирмон буданд ва ба фаъолияти Раёсати шумо нақши муассир гузоштанд?
-Санаи 30-июн дар доираи Идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои оби минтақа 4-умин Форуми занон оид ба об баргузор гардид, ки хеле хотирмон ва аҷиб гузашт. Ин гуна анҷуман моҳи ноябр низ гузаронида шуд. Санаи 1 июл бошад, аз тарафи Раёсат ҷаласаи якуми Шўрои ҳавзаи Сирдарё оид ба идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар он 57 нафар намояндагони ташкилотњои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Дар ин ҷаласа аъзои шўро дар ҳайати 30 нафар таъсис дода шуд.
Нимаи дуюми моҳи август бошад, чорабинии «Мизи мудаввар» оид ба ҳамгироии тадбирҳои нақшаи ҳавзавӣ ИҲЗО бо Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барпо шуд.  Дар ин чорабинӣ нақшаи ҳавзавии истифода ва ҳифзи захираҳои оби қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир ва ворид намудани он ба Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Б.Ғафуров мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки фаъолияти Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё дар соли 2021-ум ҷоннок шуд.
-Чӣ муаммову мушкилот сади пешравии коранд?
-Ҳастанд, кор бе мушкилӣ намешавад. Лекин мо бо дастгирии Вазорати соҳавӣ ва МИҲД вилоятамон кӯшида истодаем, масъалаҳо саривақт ҳаллу фасл шаванд ва корамон пеш равад.
-Ташаккур барои сўҳбат. Ба Шумо ва дар симои Шумо ба кулли кормандони Раёсат барору муваффақият дар кору зиндагониатонро таманно дорем.
-Раҳмат.

Мусоҳиб,
М.Мирзоев

 

Tajik