Фаъолияти кори РЗОМҲ Сирдарё оид ба лоиҳаи кории сохтмони пойгоҳи обкашии ХБ-5

Администратор's picture
Submitted by Администратор on Friday, February 3, 2023 - 3:09pm

Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё вобаста ба лоиҳаи кории сохтмони пойгоҳи обкашии ХБ-5 дар системаи ирригатсионии Хоҷабақирғон маълум менамояд, ки лоиҳа дар сатҳи зарури техникӣ тартиб дода шуда ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар як вақт РЗОМҲ Сирдарё пешниҳод менамояд, ки иловатан таклифҳо, аз он ҷумла сохтмони иншоотҳо ва таҷҳизотҳои зерин ба нақша гирифта шавад:
1.    Майдони (қитъаи замини) сохтмони бинои пойгоҳи обкашӣ ва зеристгоҳи барқӣ ҳар чӣ наздиктар ба роҳи автомобилгарди Ғафуров-Овчиқалъача ба ҷои ҳавзҳои кӯҳнаи бекористода интихоб карда шавад, зеро қитъаи замини интихобшуда ба заминҳои корам тааллуқ дошта хатти қубури баландфишор низ аз ҳудуди  заминҳои якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ мегузарад.
2.    Сохтмони иншооти пешбанд (перегораживающее сооружение)  дар канали ХБ-3 айнан дар наздикии даромадгоҳи об ба аванкамераи пойгоҳи обкашии ХБ-5, ки танзими оби ба пойгоҳ воридмешударо таъмин менамояд.
3.    Дар ПК 31+37 ба қубури баландфишор бояд лӯкидони (задвижкаи) қутраш 800 мм васл карда шуда сохтмони обқабулкунак пешбинӣ карда шавад.  
4.    Хоначаи навбатдорон, ки дар лоиҳа нишон дода шудааст, ҳамчун анбори равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эьтиётӣ истифода бурда шуда барои навбатдорон ҳуҷра дар дохили бинои пойгоҳ (тарафи рости даромадгоҳ) ба нақша гирифта шавад.
5.    Дар солҳо ва моҳҳои серобии Хоҷабақирғонсой, яъне дар ҳолате, ки оби сой аз талабот зиёд буда изофагиаш дар ПК 24 ба дарё партофта мешавад ва аз ҳамин сабаб ҳоҷати ба кор даровардани пойгоҳи ХБ-5 намемонад,  қубури баландфишори ин пойгоҳро ҳамчун қубури обгузарон аз канали Хоҷабақирғон ба канали МКХБ-3, яъне ҳамчун «қубури чаппа» истифода бурдан мумкин аст.
6.     Дар қубури баландфишор баъди ба як қубур васл шудани ҳар чор шохаҳо барои ҳисоби оби додамешуда бояд ҳисобкунаки автоматӣ васл карда шавад. 

Tajik