Лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об

Администратор's picture
Ношир: Администратор Санаи интишор: Душанбе, 11-уми Октябри соли 2021
Лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об

Дар самти  идоракунии захираҳои оби Ҷуммҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо дар бахши сиёсати об, таъминоти оби нушокӣ, обёрӣ, мукаммалсозии сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, қонунгузорӣ дар соҳаи об ва дигар самтҳои ин бахш аз ҳисоби қарзҳои мухталиф, грантҳо ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ гардида истодаанд.

То 1 декабри соли 2018 дар бахши об 25 лоиҳа бо маблағи умумии 352,28 млн.долл.ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарз 94,51млн. долл ИМА (26,83%), грантҳо-248,7млн.долл.ИМА (70,6%) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,07млн.долл.ИМА (2,57%) амалӣ гардидааст.

Бояд зикр кард, ки 45,7 фоизи маблағҳо аз сармоягузориҳо ба самти амалисозии лоиҳаҳои беҳтарсозии сатҳу сифати таъминоти оби нушокӣ ва санитария, 44,42 фоиз ба самти амализоии лоиҳаҳои обёрӣ, 10,5 фоиз маблағҳо ба самти сиёсати об, мукаммалсозии сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, қонунгузорӣ дар соҳаи об ва ғайра, ки ба номгӯи Барномаҳои сармоягузории давлатӣ ворид карда нашудаанд, равона гардидаанд.

Дар самти таъминоти оби нушокӣ 12 лоиҳа бо маблағи умумии 158,78 млн.долл.ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарз 42,00 млн.долл.ИМА (26,45%), грантҳо – 115,78 (72,92%)  млн.долл.ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,00млн.долл.ИМА (0,63%) амалӣ гардида истодаанд.

Дар самти обёрӣ 6 лоиҳа бо маблағи 156,483 млн.долл.ИМА, амалӣ гардида истодаанд, ки аз нишондиҳандаи мазкур қарз – 52,510 млн.долл.ИМА(33,5%), грант – 95,902 млн.долл.ИМА (61,3%) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 8,071 млн.долл ИМА (5,2%) ташкил менамояд.

Дар самти сиёсати об мукаммалсозии институтсионалии низоми идоракунии захираҳои об, қонунгузорӣ дар соҳаи об, ки ба номгӯйи Барномаҳои сармоягузории давлатӣ шомил нестанд, 7 лоиҳа ба маблағи умумии 37,02 млн.долл ИМА пурра аз ҳисоби грант амалӣ гардида истодаанд.

Тоҷикӣ