Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
Бастаи вазифавии кормандони раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавӣ
Бастаи вазифавии кормандони раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Сирдарё, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳонро барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад.
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё (шаҳри Хуҷанд)
Саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook
Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба фаъолияти ҷории Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи Сирдарё, лутфан, ба саҳифаи расмии мо дар Facebook пайвастед.
Лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об
Дар самти идоракунии захираҳои оби Ҷуммҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо дар бахши сиёсати об, таъминоти оби нушокӣ, обёрӣ, мукаммалсозии сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, қонунгузорӣ дар соҳаи об ва дигар самтҳои ин бахш аз ҳисоби қарзҳои мухталиф, грантҳо ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
То 1 декабри соли 2018 дар бахши об 25 лоиҳа бо маблағи умумии 352,28 млн.долл.ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарз 94,51млн. долл ИМА (26,83%), грантҳо-248,7млн.долл.ИМА (70,6%) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,07млн.долл.ИМА (2,57%) амалӣ гардидааст.
Ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов
Санаи 17 июли соли 2020 бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорат ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин муайян ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳти таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов” бар меоянд, ба ҳисоб мерафт.
Саҳифаҳо
