Дар ҷаласаи 3-юм чӣ гуфтанд?
Ҷаласаи сеюми Шўрои ҳавзавии Сирдарё оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об санаи 24 феврал дар маҷлисгоҳи Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати захираҳои оби минтқаи ҳавзавии Сирдарё Абдунабӣ Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Тибқи рўзнома Далер Абдуразоқзода-роҳбари Раёсати сиёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни ислоҳоти об дар кишвар маърўза кард.
-Ҳадаф аз гузаронидани ислоҳот беҳдошти вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва дар маҷмўъ таъминкунӣ бо оби полезист, ки 90 фисади маблағҳои давлативу аз татбиқи лоиҳаҳо ба даст омада ба барқарору эҳё ва рушди соҳаи обрасонӣ масраф гардид,-гуфт Далер Абдуразоқзода.
Сардори Раёсати захираҳои оби минтқаи ҳавзавии Сирдарё Абдунабӣ Бобоев бошад, маърӯзаи худро ба фаъолияти гурўҳҳои техникӣ бахшид.
Бино ба гуфти ў таи якуним сол аст, ки гурўҳҳои техникӣ фаъолияти худро асосан ба беҳдошти сифати об, мониторинги об, истифодаи самараноки об пешгирии ҳолатҳои фавқулодда тавассути таҳлили вазъи пойгоҳҳои обкашӣ корҳои муайянро ба иҷро расонида, пешниҳодоти худро ба масъулони соҳа оид ба ислоҳи вазъ ирсол кардаанд.
Далер Абдуразоқзода-роҳбари Раёсати сиёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаи Абдунабӣ Бобоевро мусбӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «гурўҳи техникӣ сохтори махсуси Шўрои ҳавза аст, ки ба фаъолияти Шўро бо фаъолияти худ такони ҷиддӣ мебахшад ва зарур аст, ки гурўҳи техникӣ минаъд фаъолияташро вусъати тоза бахшад».
Дар бораи дастовардҳои асосии фаъолият дар зерҳавзаи «Оқсу-Исфана»-Лоиҳаи миллии «Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Илҳом Ғуломҷонов (ACTED) маърӯзаи муфассал кард.
-Мониторинги фаъолияти лоиҳа нишон дод, ки соли сипаришудаи 2021 67 фисади чорабиниҳо ба беҳдошти ҳолати обрасонӣ дар се ноҳия ба номи Ҷ.Расулову Деваштич ва Спитамен ва инфрасохтори обрасонӣ равона карда шудаанд,-гуфт И.Ғуломҷонов,- дар ин радиф бобати тағйироёбии иқлим ва пешгирии оқибатҳои он бо олимони шаҳри Самарқанд ҳамкориро ба роҳ монда таклифу пешниҳодҳои илман чарогоҳҳои аз кор мондаро дар деҳаҳои Хущекату Росровут ва Метк барқарор кардем.
Далер Абдуразоқзода корҳои ба ҷо овардаи фавқуззикрро муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи миллии «Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи обрасонӣ дар минтақаи Андарсой беҳтар гардида бунёди чарогоҳҳои нав шоистаи дастгирист.
-Рости гап дар оғози татбиқи ин лоиҳа чандон бовар надоштам, ки натиҷаҳо дилхоҳ хоҳанд шуд,-гуфт Далер Абдуразоқзода,-аммо маълум мегардад, ки агар инсон кўшиш кунад, натиҷаи дилхоҳон ба даст меояд.
Дар ҷаласаи Шўрои ҳавзаи Сирдарё иштирокчиён аз рўи лоиҳаи «Обтаъминкунии маҷмўъӣ ва санитария дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Суғд», ки аз тарафи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, маърўзаи намояндаи Котиботи байналмиллалӣ оид ба об Махфират Абдуллоеваро шуниданд.
Аз рўи гуфти ў ноҳияҳои татбиқи лоиҳа ба номи Ҷ.Расулову Конибодом интихоб шуданд. Дар натиҷа 42 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳоти ноҳияҳои номбаршуда бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.
-Камина таи ду рӯз чор ноҳияҳоро давр задам ва дидам, ки лоиҳаи «Обтаъминкунии маҷмўъӣ ва санитария дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Суғд» низ дар ҷойҳо хуб татбиқ шудаанд. Биноан аз номи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба тамоми кормандони лоиҳа арзи спос мекунам. Зеро дар радифи татбиқи ин лоиҳа вазъи экологӣ низ дар маҳалҳо беҳтар шуданд,-гуфт Далер Абдуразоқзода.
Дар интиҳои ҷаласа аъзои Шўрои ҳавзаи Сирдарё тартиби кори Шўрои ҳавза, нақшаи кори ҳавза ва нақшаи солонаро баъди баррасӣ ва муҳокима қабул карданд.
Ислоҳоти об
Таджикский